LIVE

Расман: Бозии ифтитоҳии ҶҶ-2022 дигар рӯз доир мешавад

Бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар як рӯз пеш баргузор мешавад.

Ин тасмимро бюрои Шӯрои ФИФА қабул кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти созмон.

Ба ин тартиб, бозии аввали мусобиқот бо ширкати тимҳои миллии Қатар ва Эквадор ба рӯзи 20 ноябр гузаронида шуд.

Қабл аз ин, тахмин мезаданд, ки ин бозӣ 21 ноябр ҳамроҳ бо вохӯриҳои Сенегал – Ҳолланд, Англия – Эрон, ИМА – Уэлс дар як рӯз баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи  гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 20-уми ноябр то 6-уми декабр бо назардошти он идома меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив