LIVE

Арзиши чиптаи бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Русия маълум шуд

7-8 НОЯБР ДАР ДУШАНБЕ МУНТАХАБҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ БОЗИҲОИ ДӮСТОНА МЕГУЗАРОНАНД

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ тими беҳтарини чемпионат шомил шуд, бо ноибқаҳрамони Аврупо – тими миллии футзали Русия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. 

Вохӯриҳои дӯстона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишии обии Душанбе баргузор мешаванд. Бозиҳо соати 20:00 оғоз мегарданд. Арзиши чиптаи оддӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомониро ташкил медиҳад.

Мо ҳамаи мухлисонро ба бозиҳои дарпешистода даъват мекунем!

🤝 Бозиҳои дӯстона
📆 7 ноябр (душанбе)
⏰ Оғоз соати 20:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия
🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

📆 8 ноябр (сешанбе)
⏰ Оғоз соати 20:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия
🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив