LIVE

Аввалин голи Роналду дар Олд Траффорд дар мавсими ҷорӣ

Ҳамлагари португалии «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду аввалин голи худро дар мавсими имсола дар «Олд Траффорд» зад. Ҳодиса дар дақиқаи 81-уми бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо бо «Шериф» рух дод. Голи Роналду дар ин вохӯрӣ севум буд ва ба девҳои сурх имкон дод, ки меҳмононро бо ҳисоби 3:0 шикаст диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин голи Криштиану пас аз барканор шудан аз ҳайати даста барои барвақт тарки варзишгоҳ кардан дар вохӯрӣ бо «Тоттенҳэм» (2:0) мебошад. Баъд аз ин, сармураббии манкунианиҳо Эрик тен Ҳаг ӯро барои бозӣ бо «Челси» (1:1) даъват накард ва инчунин ба ӯ иҷозат надод, ки чанд рӯз бо дастаи асосӣ тамрин кунад. Португалиягӣ вохӯриро бо "Шериф" дар ҳайати асосии даста оғоз кард.

Роналду дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” 13 бозӣ анҷом додааст. Ба номаш 3 гол  ва 1 партофти головар сабт намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив