LIVE

Роналду ва тен Ҳаг сулҳ бастанд

Ҳамлагари португалии тими “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду ва сармураббии даста Эрик тен Ҳаг ихтилофро ҳал карданд.  Қайд карда мешавад, ки ҳамлагар ва мураббии МЮ пас аз он ки Роналду бидуни иҷозат дар бозӣ бо "Тоттенхэм" (1:1) майдонро тарк намуд, ҳамдигарнофаҳмӣ ба миён омада буд. Мураббӣ бо ин сабаб ҳамлагарро дар бозӣ бо "Челси" ба ҳайат шомил накард ва ба сафи ҷавонон фиристод. 25-уми октябр, португалӣ пас аз барканор шудан ба тамрини дастаи "Манчестер Юнайтед" баргашт.  Роналду дар рӯйхати бозигароне хоҳад буд, ки метавонанд дар бозии даври гурӯҳии Лигаи Аврупо бар зидди "Шериф" бозӣ кунанд.  Тен Хаг аз он хушнуд аст, ки вазъият бо португалии соҳибном ислоҳ шудааст ва мехоҳад, ки ҳарду дар пешрафти тим саҳм гузоранд.  Вохӯрии «Манчестер Юнайтед» ва «Шериф» рӯзи 27-уми октябр дар варзишгоҳи «Олд Траффорд» баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив