LIVE

Имрӯз Роналду бо Тен Ҳаг вомехӯрад. Шояд ӯ ба майдон бармегардад

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду имшаб бо сармураббӣ Эрик тен Ҳаг мулоқот мекунад. 

Португалӣ метавонад баъди суҳбати имрӯза ба тамрини дастаи асосии «Манчестер Юнайтед» баргардад. Даста имрӯз омодагиро ба бозии Лигаи Аврупо муқобили "Шериф" оғоз мекунад. Роналду метавонад ба ҳайати тим дохил шавад, аммо барои ин ӯ бояд сармураббиро бовар кунонад, ки талаботи ӯро иҷро мекунад.

Тен Ҳаг бовар дорад, ки ӯ ва Роналду ҳоло ҳам забони муштарак пайдо карда метавонанд ва бозигар дар даста нақши муҳим мебозад.
Бозии «Манчестер Юнайтед» ва «Шериф» рӯзи 27 октябр дар «Олд Траффорд» баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив