LIVE

Роналду ба тамрини нахустини “МЮ” ҳозир нашуд

Ҳамлагари тими мунтахаби Португалия ва «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду дар нахустин тамрини дастааш ҳозир нашуд. Футболбоз ин омилро бо сабаби мушкилоти оилавӣ маънидод кардааст ва даста низ онро қабул намудааст. Мавқеи «Манчестер Юнайтед» нисбат ба Роналду бетағйир боқӣ мемонад: шартномаи бозигар барои як соли дигар амал мекунад, онҳо нияти фурӯши онро надоранд. Партугалии соҳибном мақсади тарки дастаро дорад. Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта «Манчестер Юнайтед» дар Примйер Лигаи Англия 6-ум қарор гирифт, бинобар ин дар Лигаи Аврупо бозӣ хоҳанд кард. Роналду дар ҳайати «Девҳои сурх» 38 бозӣ анҷом дода, 24 гол задааст. Дар маҷмӯъ, футболбози 37-солаи португалӣ дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» 142 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив