LIVE

Тақдири Роналду имрӯз муайян мешавад

Тақдири Криштиану Роналду имрӯз равшан мешавад.

Ба иттилои Sky Sports, имрӯз ҳамлагар бо Эрик тен Ҳаг гуфтушунид хоҳад кард - мулоқот дар қароргоҳи «Манчестер Юнайтед» баргузор мешавад. Криштиану имрӯз дар тамрини даста ширкат хоҳад кард.

Қайд карда мешавад, ки "Манчестер Юнайтед" омодааст, то пешниҳодҳои португалиро гӯш кунад, вай шояд тобистони имсол фурӯхта мешавад. Бо вуҷуди ин, клуб ва намояндагони он эълон мекунанд, ки Роналду фурӯхта намешавад.

The Athletic хабар медиҳад, ки Криштиану аллакай бо агенти худ Хорхе Мендеш ба қароргоҳи "Манчестер Юнайтед" омада, бо Тен Ҳаг суҳбат кардааст. Субҳи имрӯз Алекс Фергюсон низ ба тамрингоҳи «Манчестер Юнайтед» омад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив