LIVE

Роналду ба "ПСЖ" меравад?

Ҳуҷумкунандаи "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду шояд фаъолияташро дар "ПСЖ" идома медиҳад, дар ин бора Le 10 Sport менависад. Ҳамлагар Килиан Мбаппе ба рафтан аз бошгоҳи парижӣ наздик аст, аз ин рӯ роҳбарият имконоти пурзӯр кардани дастаро ҷустуҷӯ мекунад. Ба иттилои манбаъ, "ПСЖ" омодааст, ки дар сурати хоҳиши тарки Англия намудани  Роналду ба ӯ пешниҳоди ҷиддӣ намояд. 

Қаблан маълум шуда буд, ки ҳамлагари португалӣ аз вазъи даста ва раҳбарияти «Манчестер Юнайтед» норозӣ аст. Роналду ба агенти худ Хорхе Мендеш хабар дод, ки дар сурати тағйир наёфтани вазъ бояд дастаи нав ҷустуҷӯ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив