LIVE

Роналду боз ба тамрини «Манчестер Юнайтед» ҳозир нашуд

Ҳамлагари 37-солаи португалии «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду ҳанузам ба тамрингоҳи дастааш ҳозир нашудааст. Ба иттилои манбаъ, Роналду 5-уми июл боз дар тамрини “Девҳои Сурх”ҳозир нашуд ва инро бо вазъи оилавӣ шарҳ дод. Гуфта мешавад, ки агенти ӯ Хорхе Мендеш талош дорад, то ҳарчи зудтар пешниҳоди дигар пайдо кунад.
Футболбоз бояд рӯзи 4-уми июл ба даста ҳозир мешуд, аммо чанд рӯз аст, ки ӯ дар базаи тамринии мунтахаби Португалия машқҳои мустақилона анҷом медиҳаду аз омоданаш ба сафи сурхпӯшон худдорӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив