LIVE

Криштиану Роналду аз ҷониби 4 даста пешниҳод дорад

Ба иттилои AS, довталаби аслӣ барои интиқоли ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” “Атлетико Мадрид” аст. Сармураббии даста - Диего Симеоне бовар дорад, ки бо даъвати ҳамлагар дастаро рақобатпазиртар мекунад.
Худи бозигар низ хоҳиши ҳунарнамоӣ дар “Атлетико”-ро дорад. Гузариши ӯ ба ин даста аз он вобаста аст, ки оё мадридиҳо метавонад чанд бозигарро фурӯшад ва барои бозигари нав маош таъмин созад. Роналду омодааст маошашро кам кунад ва ба дастаи Симеоне ҳамроҳ шавад.
Аз рӯи шунидҳо "Челси" низ барои давъати Роналду ҳавасманд аст. Соҳибмули клуб Тодд Боели бо агенти футболбоз Жорже Мендеш гуфтушунид кард ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд. Аммо «Манчестер Юнайтед» барои гузариши Роналду ба «Челси» розӣ нест. Сармураббии лондониҳо Томас Тухел низ ин гузаришро қабул надорад. 
"Бавария" бошад, рафтани Роберт Левандовскиро бо давъати Роналду ҷуброн кардан мехоҳад. Қисме аз раҳбарияти бошгоҳи мюнхенӣ ва инчунин сармураббии Юлиан Нагелсман бовар доштанд, ки Роналду метавонад ивазкунандаи Роберт Левандовски шавад. Аммо раҳбарони дигари бошгоҳҳо ба интиқоли ин ҳамлагари 37-сола мухолиф буданд, зеро фикр мекарданд, ки бозигар бинобар синну солаш дар сатҳи баланд бозӣ карда наметавонад.
Чаҳорумин дастае, ки ба Роналду таваҷҷӯҳ дорад, “Наполи” мебошад. Даста бовар дорад, ки Роналду метавонад ба афсонаи клуб Диего Марадона табдил ёбад. Президенти неаполитонҳо Аурелио Де Лаурентис бо Жорже Мендеш муомилаи хуб дорад ва барои интиқоли ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» боварӣ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив