LIVE

ПСЖ аз идеяи хариди Криштиану Роналду даст кашид

ПСЖ аз нақшаи харидории ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду даст кашид, хабар медиҳад ESPN.
Ба иттилои манбаъ агенти ҳамлагари португалӣ Хорхе Мендеш, имкони интиқоли ин бозигарро бо директори варзишии ПСЖ Луис Кампос ва президенти бошгоҳ Носир Ал-Хелайфӣ баррасӣ кардааст.
Аммо, ПСЖ дар айни замон бовар надорад, ки Роналду дар Париж мувофиқ мешавад. Ҳамзамон маоши футболбоз барои даста мушкилии зиёдро эҷод карда метавонад. 
Илова бар ин, Роналду аз нуқтаи назари варзишӣ ба лоиҳаи ПСЖ мувофиқат намекунад. Сармураббии нави бошгоҳ Кристоф Галтие мехоҳад дар ин мавсим бо се ҳимоятгар баромад кунад. Галтие мехоҳад дар нақшаи худ Неймар, Лионел Месси ва Килиан Мбапперо истифода барад, аз ин рӯ, дар хати ҳамла барои Роналду ҷой нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив