Бозингарони «Манчестер Юнайтед» бар онанд, ки ҳамлагар Криштиану Роналду кӯшиш мекунад, ки дар зимистон дастаро тарк кунад, хабар медиҳад The Sun. Ба гуфтаи манбаъ, раҳбарони даста аз он ки португалӣ дар омодагиҳои пеш аз мавсим ҳузур надошт, норозӣ ҳастанд. Аз ин сабаб вай то хол ба системаи бозие, ки онро сартренери нави команда Эрик тен Хаг сохтааст, пурра ворид нашудааст.
“Вақте ки Роналду ба даста баргашт, ҳама бозигарон хурсанд буданд. Аммо онҳо аз он ғамгинанд, ки ӯ омодагии пеш аз мавсимро аз даст додааст”.
Инчунин тен Ҳаг ният дорад, ки ба ҳамлагари дигари даста Маркус Рэшфорд бартарии бештар бидиҳад. Мураббӣ бовар дорад, ки футболбози инглис метавонад дар як мавсим беш аз 20 гол занад.