LIVE

Чаро Роналду мехоҳад тарки “Манчестер Юнайтед” намояд?

Собиқ ҳамлагари «Челси» ва як қатор клубҳои дигар Тони Каскарино дар бораи хоҳиши ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду дар бораи тарки даста изҳори назар кард.
«Дастаҳое, ки ӯ дар он бозӣ мекард, муваффақ буданд, аз ин рӯ ӯ кӯшиш мекард, ки ҳамчун як бозигари даста бошад. Ӯ гол мезанад, аз ин нишондод ифтихор ҳам мекунад. Вай аз зумраи беҳтарин инсонҳое аст, ки замоне футболбозӣ кардааст. Шумо метавонед ҳама чизро дошта бошед ва ин хуб аст, то даме ки шумо ғолибед. Аммо вақте ки мағлуб шуданро сар мекунед, ба душворӣ дучор мешавед.
Ман гумон мекунам, ки Роналду мехоҳад “МЮ”-ол тарк кунад, зеро ӯ дар Лигаи Чемпионҳо 141 гол ва Месси 125 гол дорад.
Вай намехоҳад, ки берун аз Лигаи Чемпионҳо бошад, зеро ӯ мехоҳад, ки беҳтарин нишонзани ин мусобиқа дар ҳама давру замон шавад. 
Ёдовар мешавем, ки қаблан як қатор расонаҳои хориҷӣ хабар дода буданд, ки Роналду мехоҳад аз “Манчестер Юнайтед” биравад ва метавонад ба “Бавария” ё “Рома” гузарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив