LIVE

Роналду "Олд Траффорд"-ро ба пой хезонд

Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ дастаи “МЮ” дар «Олд Траффорд» бо бошгоҳи «Вилярреал» сабқат намуд. Дидори дастаҳо пуршиддат баргузор шуда, бо натиҷаи 2:1 ба суди “девҳои сурх” хотима ёфт. Дар оғози пайти дуюми сабқат Пако Алкасер меҳмононро ба пеш баровад. Пас аз якчанд дақиқа Алекс Теллес бо голи задааш натиҷаро баробар кард. Ин охири кор набуд зеро дар сониаҳои охири набард Криштиану Роналду бо голи задааш пирӯзии “МЮ”-ро таъмин кард. Баъди ин бозӣ «Манчестер Юнайтед» бо касби 3 хол дар зинаи сеюми гурӯҳи Ғ мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив