LIVE

Бохти «Манчестер Юнайтед» аз «Астана»

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» дар бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо ба меҳмонии дастаи «Астана» ба Қазоқистон сафар кард. Нерусанҷии тимҳо дар шаҳри Нурсултон сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба суди соҳибони замин анҷом ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 10-ум Ҷесси Лингард меҳмононро ба пеш баровард. Дар оғози қисми дуюм бошад, Дмитрий Шомко ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 62-юм бошад, Дишон Бернард иштибоҳан тӯбро таслими дарвозааш намуда, пирӯзии мизбононро таъмин кард. Баъди ин дидор «Манчестер Юнайтед» бо касби 10 хол роҳхати даври 1/8 ниҳоиро соҳиб шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив