LIVE

"Триллер"-и футболӣ бо иштироки "девҳои сурх" ва навкори мавсим


Бозии даври 13-уми чемпионати Англия бо иштироки дастаҳои "Шеффилд Юнайтед" ва "Манчестер Юнайтед" бо саҳнаҳои ҷолибу дидани поён ёфт. 45 дақиқаи ниммаи аввали рақобат бо бартарии мизбонон анҷом ёфта, Ҷон Флек як тӯбро ба номи худ сабт кард. Пешсафии шогирдони Крис Уилдер дар ҳоле идома кард, ки ҳамлагар Ли Муссе тӯби дуюмро ба дарвозаи Давид де Хеа зад. То дақиқаи 70-уми бозӣ рақобат қариб баробар ва бо афзалияти назорати тӯб аз сӯӣ меҳмонон ҷараён дошт. Ниҳоят, Брендан Улямс, ҳимоятари 19 солаи "МЮ" ҳасосиятро бо голи задааш дар дақиқаи 72-юм нигоҳ дошт. Дере нагузашта Оле Гунар Сулшер барои наҷоти манчестериҳо ҳамлавари эҳтиётӣ Мейсон Гринвудро ба бозӣ даровард. Маҳз футболбози 18 сола баъди 3 дақиқаи ба майдон омаданаш натиҷаро муссовӣ 2:2 кард. Аз ин ҳунарнамоии бозингарони ҷавон Маркус Рэшфорд илҳом гирифта, баъди ду дақиқа тӯби сеюмро ба дарвозаи Саймон Мур равон кард. Сармураббии "Шефилд" ҳам хост аз бозингарони захиравӣ истифода намояд. Оливер Макберни, ки хеле барвақт ба майдон омада буд, мизбононро дар дақиқаи 90-ум аз бохт наҷот дод. Ҳамин тавр дастаҳо дар ин вохӯрӣ имтиёзро миёни ҳам тақсим намуданд. Бозӣ бо натиҷаи 3:3 ба анҷом расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив