LIVE

Голи Дуглас Коста "Локомотив"-ро аз як имтиёз маҳрум кард


Дар доираи даври 4-уми бозиҳои гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои "Локомотив" ва "Ювентус" бо ҳам рақобат карданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:2 ба суди меҳмонон ба анҷом расид. Ҳанӯз дар дақиқаи 4-уми рақобат зарбаи задаи Криштиано Роналдуро Маринато Гилерме баргардонида натавонст ва тӯбро аз рӯи хати дарвоза Арон Рэмси вориди дарвоза сохт. Дере нагузашта дар дақиқаи 12-ум Антон Миранчук ҳисобро баробар кард. Чунин менамуд, ки ин бозӣ бо натиҷаи муссовии 1:1 хотима меёбад, аммо Дуглас Коста баъди ба майдон омаданаш дар дақиқаи 90+3 голи ғалабаоварро ба самар расонид. "Ювентус" акнун бо касби 10 имтиёз дар гуруҳи "D" мақоми аввалро соҳиб шуд. "Локомотив" то ҳол 3 хол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив