LIVE

Комёбии «Ювентус» бар «Локомотив»

Дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи русии “Локомотив” ба меҳмонии “Ювентус” ба шаҳри Турин сафар кард. Нерусанҷии ин ду бошгоҳ дар майдони «Алянс» баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди мизбонон хатм шуд. Ҳисоби дидорро ҳанӯз дар дақиқаи 30-юм Алексей Миранчуки русӣ ба самар расонид. Футболбозони туринӣ нагузоштанд, ки русҳо аз Турин бо имтиёз раванд, ҳамлавари аргентинитабори “Ювентус” Пауло Дибала дар ду дақиқа дарвозаи “Локомотив”-ро ду бор рахна намуда, пирӯзии тимашро таъмин намуд. Дар даври чорум “Ювентус” ба меҳмонии «Локомотив» ба Москва сафар мекунад. 

Гурӯҳи D

«Ювентус» (Италия) — «Локомотив» (Россия) — 2:1 (0:1)

 Голҳо: Миранчук, 30 (0:1). Дибала, 77 (1:1). Дибала, 79 (2:1).

 «Ювентус» (Италия): Шенсни, Куадрадо, де Лигт, Бонуччи, Сандру, Пянич, Хедира (Игуаин, 48), Матюиди (Рабйо, 65), Дибала (Бернардески, 82), Бентанкур, Криштиану Роналду.

«Локомотив» (Россия): Гилерме, Игнатев, Чорлука, Хеведес, Идову, Жоау Мариу, Мурило, Баринов, Криховяк (Коломейтсев, 83), Миранчук, Эдер.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив