LIVE

Аргентина дар лаҳзаҳои охир пирӯзиро аз даст дод

Дар варзишгоҳи «Метрополитано Роберто Мелендес»-и шаҳри Барранкиляи Колумбия бозии 6-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар минтақаи Амрикои Ҷанубӣ миёни тимҳои миллии Колумбия ва Аргентина баргузор шуд. Дидори тимҳо бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 3-юм Кристиан Ромеро меҳмононро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 5-ум бошад, Леандро Паредес натиҷаро 2:0 кард. Бо ҳамин натиҷа қисми аввали дидор хотима ёфт. Дар дақиқаи 51-ум Луис Муриэл аз пеналти гол ба самар расонида, натиҷаро 2:1 кард. Ин охири кор набуд, зеро дар нафасҳои ниҳоии бозӣ Мигел Борха аз имконияти муносиб истифода намуда, натиҷаро мусовӣ 2:2 кард. Баъди ин бозӣ Аргентина бо касби 12 хол дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. Колумбия 8 имтиёз дораду дар ҷои 5-ум ҷой дорад.
Чемпионати ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ
Амрикои Ҷанубӣ
Колумбия — Аргентина — 2:2 (0:2)
Голҳо: Ромеро, 3 (0:1). Паредес, 8 (0:2). Муриэл, 51 пеналти (1:2). Борха, 90+4 (2:2).
Венесуэла — Уругвай — 0:0
Чили — Боливия — 1:1 (0:0)
Голҳо: Пулгар, 69 (1:0). Морено, 82 пеналти (1:1).
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив