LIVE

Аргентина ба даври плей-оффи Ҷоми Амрико роҳ ёфт

Дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2019 мунтахаби Аргентина бо Қатар ва Колумбия бо Парагвай майдондорӣ намуданд. Дар ин набарди таърихӣ яккачини Артентина тими миллии Қатарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо касби 4 хол дар зинаи дуюми гурӯҳи “В” ҷой гирифт. Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур Колумбия дастаи Парагвайро бо ҳисоби минималии 1:0 шикаст дода, бо дарёфти 9 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “В” гардид. Айни ҳол аз гурӯҳи “В” тимҳои миллии Колумбия ва Аргентина ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Тақдири баромадани Парагвай ба даври плей-офф аз бозиҳои гурӯҳи “С” вобастагӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки Аргентина дар даври ¼ ниҳоӣ бо тими Венесуэла рӯ ба рӯ мешавад. 
Ҷоми Амирико-2019
Гурӯҳи В 
Катар - Аргентина - 0:2 (0:1)
Голҳо: Мартинес, 4 (0:1). Агуэро, 82 (0:2). 
Қатар: Ал-Шиб, Хухи, Салман, Хишам, Педру Мигел (Исмаил, 85), Хатем, Аль-Хайдос, Ал-Хажри (Абдулсалам, 77), Акрам Афиф, Будиаф, Абдулла.
Аргентина: Армани, Саравия, Отаменди, Фойт (Пессела, 85), Таляфико, де Паул, Паредес, Месси, Ло Селчсо (Акуня, 55), Агуэро, Мартинес (Дибала, 76).
Колумбия - Парагвай - 1:0 (1:0)
Гол: Куэляр, 31.
Колумбия: Монтеро, К.Сапата, Ариас, Борха, Лукуми, Куадрадо (Хамес Родригес, 58), Кардона (Барриос, 86), Лерма, Куэляр, Фалкао (Д.Сапата, 66), Диас.
Парагвай: Фернандес, Пирис, Гомес, Алонсо, Арсамендия, Р.Рохас (Итурбе, 63), Алмирон, Р.Санчес, М.Рохас (Домингес, 46), Кардосо, Гонсалес (Ромеро, 82).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив