LIVE

Тоҷикистон ҳанӯз имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорад

Имрӯз, 7-уми июн дар варзишгоҳи «Panasonic Suita»-и шаҳри Осакаи Ҷопон бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Ҷопон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда, ҳанӯз дар дақиқаи 6-ум бо голи задаи Киого Фурухаши ба пеш баромаданд. Баъдан дар дақиқаи 9-уми майдондорӣ Эҳсони Панҷшанбе натиҷаро баробар намуд. Ҳамин тавр Эҳсон муаллифи аввалин гол ба дарвозаи мунтахаби Ҷопон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон Қатар – 2022 гардид. Панҷ дақиқа то анҷоми қисми аввали бозӣ бозигари дастаи “Ливерпул” - Такуми Минамино натиҷаро 2:1 намуд. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Баъдан дар идомаи бозӣ Кэнто Хасимото ва Хаяо Кавабе голҳои ҷопониҳоро муаллифӣ намуда, пирӯзии мунтахаби Ҷопонро бо натиҷаи 4:1 таъмин сохтанд. Баъди ин бозӣ дастаи миллии Ҷопон бо касби 21 хол пешсафи ягонаи ҷадвали гурӯҳи “Ғ” мебошад. Мунтахаби мо бошад, дар ихтиёраш 10 хол дораду дар зинаи 2-юми гурӯҳ мавқеъ касб намудааст.

Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Марҳилаи 2-юм
Гурӯҳи «F». Даври 9-ум
Ҷопон – Тоҷикистон – 4:1.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив