LIVE

Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон

19-уми ноябр дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек, бозии даври 6-уми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Набарди тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Голи тими миллии кишварро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид. Кӯшишу талошҳои мизбонон самар оварду, дар дақиқаи 83-юм Козубаев Т ҳисобро баробар кард. Ҳамин тавр рақобати мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Акнун баъди ин дидор мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 7 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “Ғ” қарор гирифт. Мунтахаби Қирғизистон дар хазинаи худ 7 хол дорад, аммо бо фарқияти бештари тӯбҳо дар зинаи дуюм қарор гирифтааст. Феълан дар зинаи якуми ин гурӯҳ тими миллии Ҷопон бо дарёфти 12 хол ҷой гирифтааст.
Ҷоми ҷаҳон-2022. Марҳилаи интихобӣ
Даври дуюм. Гурӯҳи «F».
Бозии 6-ум
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 1:1.
Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев 17, Козубаев Т 83.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив