LIVE

10 голи Ҷопон ба дарвозаи Мянмар. Пента-трики Осако

Мунахабҳои футболи Ҷопон ва Мянмар дар доираи бозиҳои интихобии даври 2-юми Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бо ҳам вохӯрӣ анҷом доданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Миллии олимпӣ”-и шаҳри Токио баргузор шуда, бо ҳисоби 10 бар 0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ҳисоби бозиро Такуми Минамино боз намуд. То анҷоми қисми аввал ҳуҷумкунандаи дигари мунтахаби Ҷопон - Юя Осако се моротиба дарвозаи тими миллии Мянмарро рахна сохт. 
Дар қисми дуюми дидор аниқтараш дар дақиқаи 49-ум Юя Осако бо истифода аз партофти головари Такуми Минамино голи 4-уми худро дар ин вохӯрӣ ба самар расонид. Дар дақиқаи 57-ум Хидемаса Moритa дар қатори голзанҳои тимаш номашро сабт сохт. Дере нагузашта Такуми Минамино баъди партофти Юя Осако голи 7-уми ҷопониҳоро зад.  То анҷом вақти асосии бозӣ Даити Камада, Юя Осако ва Ко Итакура як голии дигар зада, ҳисобро 10 бар 0 намуданд. Дар ин бозӣ имконияти голзанӣ барои футболбозони тими Мянмар вуҷуд ҳам надошт. 
Ҳамин тариқ мунтахаби Ҷопон баъди ин пирӯзӣ дар ҷадвал имтиёзҳояшро ба 18 адад расонида, пеш аз муҳлат ба марҳилаи баъдии Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт.  Тими миллии Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.  Футболбозони кишвар бозиҳои худро бо Ҷопон 7-уми июн ва бо Мянмар 15-уми июн баргузор мекунанд.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив