LIVE

Эҳсон муаллифи нахустин гол ба дарвозаи Ҷопон дар бозиҳои интихобии ЧҶ-2022

Мунтахаби Ҷопон  яке аз тимҳои пурқуввати қораи Осиё маҳсуб меёбад. Яккачини Ҷопон дар марҳилаи дуюми муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар як гурӯҳи “Ғ” бо тимҳои миллии Тоҷикистон, Қирғизистон, Миянмар ва Муғулистон рақобат кард.  Ҷопониҳо дар шаш бозии охир 37 гол ба дарвозаи рақибон зада,  ба дарвозаашон ягон гол сар надода буданд. Аммо бозии 7-ум омори ҷопониҳоро тағйир дод. Футболбози ҷавони тоҷик Эҳсони Панҷшанбе - муаллифи аввалин гол ба дарвозаи мунтахаби Ҷопон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон Қатар – 2022 гардид. Эҳсони Панҷшанбе  дар дақиқаи 9-уми бозӣ ба задани гол даст ёфта, ҳисобро 1 бар 1 намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив