LIVE

Усмон Тошев "Ба дастгирии мухлисон ниёз дорем"

Имрӯз, 14-уми октябр дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” нишасти хабарии пеш аз бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байани яккачинҳои Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор шуд. Дар нишаст сармураббиёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу ба саволҳои намояндагони ВАО ҷавоб доданд.
"Ҳайати мунтахаби Ҷопонро бори дигар ба ватани офтобиамон хушомадед мегуям. Мунтахаби Ҷопон яке аз тимҳои пурқувват дар қораи Осиё аст. Мо чӣ неруву тавононе, ки дорем фардо дар майдон нишон хоҳем дод. Мо аз дастаи рақиб ягон ҳарос надорем ва нахоҳем дошт. Аз мухлисони тоҷик даъват ба амал меорем, ки фардо ба варзишгоҳ ташриф оварда, миллипӯшони тоҷикро дар бозии сахту сангин дастгирӣ намоянд".
Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон фардо соати 17:15 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив