LIVE

Хаҷимэ Мориясу: "Майдони сунъӣ ба бозии мо халал нахоҳад расонид"

Имрӯз, 14-уми октябр дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” нишасти хабарии пеш аз бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байани яккачинҳои Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор шуд. Дар нишаст сармураббиёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу ба саволҳои намояндагони ВАО ҷавоб доданд. Нахустин шуда, сармураббии тими Ҷопон Хадзимэ Мориясу ба толори нишасти хабарӣ ҳозир шуд. Ӯ тоҷикистониёнро барои истиқболи самимияшон миннатдорӣ намуда, аз чунин истиқболи гарму ҷушон қаноатмандӣ кард.
“Ба ҳамагон маълум аст, мунтахаби Тоҷикистон низ ба монанди мо дар гурӯҳи “Ғ” ду пирӯзӣ дорад, аз ин бар меояд, ки тоҷикон ба бозӣ бар муқобили мо хеле ҷиддӣ омода шудаанд. Мо баъд аз дидор бо мунтахаби Муғулистон дар ҳайатамон каме мушкилӣ дорем, ин мушкилӣ садди роҳи пирӯзии мо дар бозӣ бо Тоҷикистон нахоҳад шуд. Дар мавриди майдони сунъӣ гуфтанӣ ҳастам, ки ин таъсири худро ба бозии мо каме ҳам набошад, хоҳад расонд. Бояд як нуқтаи муҳимро қайд намоям, ки мо бо тамоми неруямон дар вохӯрӣ бар муқобили Тоҷикистон омода шудаем. Фардо ба шогирдонам барору комёбиҳоро таманно дорам”.
Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон фардо соати 17:15 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив