LIVE

Пирӯзии Ҷопон бар Тоҷикистон

Имрӯз, 15-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар доираи даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2022 пешсафони гурӯҳи “F” – мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон во хӯрданд. Бозӣ байни дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 0:3 ба нафъи “самурайҳои кабуд” хотима ёфт. Дар нимаи аввали дидор миллипӯшони мо 2 имконияти хубро дар назди дарвозаи рақибон натавонистан ба гол табдил диҳанд. Дар навбати худ мунтахаби Ҷопон низ якчанд ҳолати хатарнокро назди дарвозаи Рустам Ятимов созмон дод. Ҳамин тавр, қисми якум бидуни гол ба поён расид. Дар қисми дуюми вохӯрӣ ҷопониҳо аз ду зарбаи дарвозакӯби ҳамлавари моҳиру мумтози бошгоҳи “Залсбург”–и Себрия, ки чанд рӯз қабл дарвозаи “Ливерпул”-ро рахна карда буд, 2 гол аз Тоҷикистон пеш гузаштанд. Дар қисми 82-юм бошад, Асано Такума голи сеюми “самурайҳои кабуд”-ро ба самар расонид. Ҳамин тавр, мунтахаби мо аз ҳарифи пурқувваттарини худ дар гурӯҳ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Айни ҳол Тоҷикистон бо касби 6 хол дар зинаи сеюми гурӯҳи “F” қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив