LIVE

Argentina Good Bye?

Бозии даври дуюми Ҷоми Амрико-2019 дар гурӯҳи “B” миёни мунтахабҳои Аргентина – Парагвай баргузор шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Минейрао”-и Белу-Оризонти сурат гирифта, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳисоби дидорро дар дақиқаи 36-ум ниммуҳофизатгари парагвайиҳо Ричард Санчес кушод. Дар қисмати дуюми рақобат Лионел Месси аз зарбаи ҷаримавии 11 метра натиҷаро баробар кард. Парагвай метавонист, ки пирӯз гардад агар Дерлис Гонсалес аз пеналти ба задани гол даст меёфт. Баъди ин натиҷа имкониятҳои Аргентина барои баромадан ба даври ¼ ниҳои хело кам ба назар мерасанд. Дар бозии сеюм бо Қатар Аргентинаро танҳо пирӯзӣ ва бохти Парагвай аз Колумбия қонеъ мекунад. Ҳанӯз ҳам умеди Аргентина барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф канда нашудааст, чаро ки тибқи анъана аз ин мусобиқаи мазкур ду дастаи беҳтарине, ки зинаҳои сеюмро ишғол мекунанд, ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Ҷоми Америко-2019
Гурӯҳи “В”
Бозии 2-юм
Аргентина - Парагвай - 1:1 (0:1)
Голҳо: Санчес, 37 (0:1). Месси, 57 - пеналти (1:1).
Аргентина: Армани, Отаменди, Каско, Таляфико, Пессела, Перейра (Агуэро, 46), Паредес, де Паул (Суарес, 87), Ло Челсо, Месси, Мартинес (Ди Мария, 67).
Парагвай: Фернандес, Пирис, Гомес, Алонсо, Арсамендия, Р.Рохас, Алмирон (Ортис, 87), Санчес, М.Рохас, Сантандер (Ромеро, 72), Гонсалес (Х.Эскобар, 90).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив