LIVE

Директори "Наполи": Роналду? Ба мо ягон тағйирот лозим нест...

Директори варзишии «Наполи» Кристиану Ҷунтоли овозаҳо дар бораи гузаштани ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду ба тими итолиёвиро шарҳ дод.

"Роналдуро дар моҳи январ ба имзо мерасонед? Мо дар моҳи январ ягон имзо карданро ба нақша нагирифтаем. Ба мо лозим нест, ки дар даста чизеро тағйир диҳем. Мо аъло бозӣ мекунем ва нақша надорем, ки ягон бозигарро ба имзо расонем",-гуфт итолиёвӣ.

Қаблан овозаҳое паҳн шуда буд, ки ҳамлагари португалии «Манчестер Юнайтед» дар равзанаи интиқоли зимистона дастаро ройгон тарк мекунад. Яке аз довталабони Роналду "Наполи" аст. Худи бозигар мехоҳад ба чемпионати Италия баргардад.

Роналду метавонад пас аз ҷанҷоли саркашии португалӣ дар бозии АПЛ бо «Тоттенхэм Хотспур» (2:0) ба ҳайси ивазкунанда ба майдон барояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив