LIVE

«Галатасарай» нақшаи давъати Роналдуро таҳрезӣ мекунад

Тими футболи «Галатасарай» аз кишвари Туркия бо ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» - Криштиану Роналду қарордод ба имзо расонидан мехоҳад. 
Ба иттилои манбаъ, «Галатасарай» дар равзанаи интиқоли тобистона ба ин бозигар таваҷҷуҳ зоҳир карда буд, аммо баъдан онҳо натавонистанд, ки бо ин бозигар сари мақсад биоянд. Қайд карда мешавад, ки дар кӯшиши навбатии худ барои ба даст овардани футболбоз «Галатасарай» ният дорад, ки тамоми имкониятҳои молиявии худро истифода барад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Роналду дар равзанаи трансфери зимистона, ки моҳи январ кушода мешавад, аз даста рафтан мехоҳад. Дар баробари ин, мураббии «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг низ дар ин кор зикд нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив