LIVE

Жорже Мендеш Роналдуро боз ба "Челси" пешниҳод кард

Ҳуҷумкунандаи "Манчестер Юнайтед"  Криштиану Роналду шояд фаъолияташро дар "Челси" идома диҳад. Жорхе Мендеш, агенти футболбози 37-сола пеш аз анҷоми равзанаи тобистона бо бошгоҳи шаҳри Лондон тамос гирифт. 
Қаблан ҳам Роналду ба «Челси» пешниҳод шуда буд, аммо ин созишномаро сармураббии кабудпӯшҳо Томас Тухел рад карда буд. Мендеш кӯшиш мекунад то бифаҳмад, ки  мавқеи клуб тағйир ёфтааст ё не, зеро ӯ мехоҳад барои муштарии худ як дастаи Лигаи Чемпионҳоро пайдо кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар давраи трансфери ҷорӣ Роналду ба як қатор клубҳои аврупоӣ пешниҳод шуда  буд. Гуфта мешавад, ки бо сабаби аз даст додани Лигаи Чемпионҳо, Криштиану мехоҳад, ки дастаро тарк кунад. Тибқи маълумоти охирин, португалӣ метавонад ба «Наполи» гузарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив