LIVE

Шикасти Саройкамар аз рақиби асосӣ. Ҳосилот ба садри ҷадвал баромад. Шарҳи даври 20-ум

Даври 20-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум чандин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳам дар ҷадвали мусобиқа ва ҳам дар мавқеи дастаҳо ба миён овард. Гуфтан ба маврид аст, ки бо сабаби баргузор нашудани рақобати дастаҳои “Куктош” ва “Барқчӣ” дастаи “Ҳосилот” бо ба даст овардани се имтиёз шумораи холҳояшро ба 50 расонид ва ба садри ҷадвали мусобиқа баромад. Ёдовар мешавем, ки таи 20-даври сипарӣ шуда дастаи Куктош лидерии ҷадвали мусобиқаро бар уҳда дошт ва барои аввалинбор дар ин муддат дастаи “Ҳосилот” ба мавқеи аввал баромад.  Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 20-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.
Гулистон 1:2 Сарҳадчӣ
Куктош (мавқуф) Барқчӣ
Душанбе 3:1 Ҳулбук
Ваҳдат 0:6 Панҷшер
Моҳир 0:0 Динамо
Саройкамар 0:1 Ҳосилот

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив