LIVE

Ҳосилот дарвозаи Душанберо голборон кард. Шарҳи даври 17-уми Лигаи якум

Даври 17-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ин навбат хеле ҷолиб паси сар шуд. Дастаи “Моҳир” дар рақобат бо дастаи “Гулистон” ба таври ҳангомавӣ бо ҳисоби 5:3 ғалаба кард, аммо футболбози дастаи “Гулистон” Муҳсин Рустамзода новобаста аз шикасти дастааш омори худро пурзӯр намуд. Ӯ дар ин дидор хетрики навбатиашро ба қайд гирифт ва ҳоло бо 26-гол лидерии руйхати нишонзанҳои мусобиқаро бар зимма дорад. Фосилаи миёни ӯ ва футболбози дуюми руйхат ба ҳадди 9 гол аст. Дастаи “Ҳосилот” бошад дар дидор бо дастаи “Душанбе” ба задани 6-гол даст ёфт  ва душанбегиҳо ба задани ҳамагӣ як гол даст ёфтанд. Дар ҷадвали умумии мусобиқа ягон тағйироти кулл нест ва дастаи “Куктош” бо 42 имтиёз мавқеи аввалро ишғол намудааст. “Ҳосилот” бо 41 имтиёз ҷои дуюм ва "Динамо" бо 34 имтиёз хонаи сеюмро касб кардааст. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 17-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.  
Моҳир 5:3 Гулистон
Ҳосилот 6:1 Душанбе
Панҷшер 2:2 Сарҳадчӣ
Ҳулбук 4:3 Барқчӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив