LIVE

Саройкамари Панҷ ба садри ҷадвал наздик мешавад. Ҳосилот Панҷшерро шикаст дод

Даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ин навбат ғайри чанд ҳангома дигар ягон тағйироти ҷиддӣ ба миён наовард. Дастаи “Барқчӣ” охирин бозии таъхиргузоштаи худро муқобили “Сарҳадчӣ” бо пирӯзӣ (3:0) паси сар кард, вале дар бозии асосии давр муқобили “Моҳир”-и Ёвон ба шикасти бузург (2:5) мувоҷеҳ шуд. Дастаи фаварити мусобиқа “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи бебохтҳои худро идома медиҳад ва дар даври охирин тими мазкур дастаи “Душанбе”-и Душанберо бо ҳисоби (3:0) шикаст дод ва бо ин тартиб ҳамчун лидери ҷадвал бо 29 имтиёз боқӣ монд. “Ҳосилот”-и Фархор бошад дар қатори “Куктош” ҳамчун дастаи фаварит барои ба садри ҷадвал баромадан талоши беандоза мекунад ва бозии охирин, ки бо дастаи “Панҷшер” рӯ ба рӯ гардид бо муваффақият паси сар шуд. Дастаи фархорӣ бо ҳисоби “1:0” дастаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шикаст дод ва дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа боқӣ монд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд
Динамо  3:2 Гулистон 
Ҳосилот 1:0 Панҷшер
Саройкамар 2:2 Ҳулбук
Моҳир  5:2 Барқчӣ
Ваҳдат 1:1 Сарҳадчӣ
Душанбе 0:3 Куктош

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив