LIVE

"Ваҳдат" боз шикаст хӯрд. Натиҷаҳои бозиҳои даври 7-уми Лигаи якум

Бозиҳои даври 7-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум баргузор шуданд. Ин навбат дар ҷадвали умумии мусобиқа таҳавуллоти аҷибе ба миён омад. Собиқ садрнишини ҷадвал дастаи “Ҳосилот”-и Фархор ниҳоятан силсилаи бебохтҳои худро хотима дод ва дар рақобат бо дастаи “Куктош” бо ҳисоби (0:2) ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Аз ин рӯ шумораи имтиёзҳои дастаи фархорӣ басанда набуд, ки дар мавқеи аввал боқӣ бимонад. Дастаи “Ҳулбук”, ки ҳамагӣ бо як холи кам аз дастаи “Ҳосилот” дар мақоми дуюми ҷадвал меистод бо шикаст додани дастаи “Гулистон” шумораи имтиёзҳояш ба 17 расид ва бо як холи зиёд аз дастаи ноҳияи Фархор дар мавқеи аввали ҷадвал маскан гирифт. Дастаи “Моҳир”, ки пайваста дар хонаи аутсайдерон қарор дошт, баъди гузораи даври 7-ум, ки онҷо дастаи “Ваҳдат”-ро (5:3) шикаст доданд аз ин минтақа раҳо шуд ва ба мавқеи 8-уми ҷадвали умумии мусобиқа баромад. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти бозиҳои Лигаи якум ширкати “tennisi.tj” мебошад. Натиҷаҳои дигари рақобатҳои даври 7-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд. 
Натиҷаи бозиҳои даври 7-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум:
Ҳулбук 1:0 Гулистон
Панҷшер 1:2 Барқчӣ
Динамо 4:0 Сарҳадчӣ
Ҳосилот 0:2 Куктош  
Саройкамар 4:3 Душанбе
Моҳир 5:3 Ваҳдат

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив