LIVE

Tennisi:"Ҳосилот" дастаи "Ваҳдат"-ро голборон кард

Даври 5-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум хеле ҷаззоб паси сар шуд. Марказитарин рақобати марҳилаи мазкур ин дидори дастаҳои “Динамо” ва “Душанбе” буд, ки бозӣ дар майдони “Спитамен”, ки бештар бо номи “Спартак” маъруф аст, баргузор гардид. Натиҷаи бозӣ он гунае ҳал шуд, ки интизориашро доштем. “Динамо” дар майдони худ дастаи “Душанбе”-ро бо ҳисоби 4:0 тору мор кард ва нишонзани беҳтарини чемпионати мазкур Абдуфатоҳ Худойдодзода дуюмин хэтрики худро дар ин мавсим ба қайд гирифт. Ёдовар мешавем, ки фазои футболии кишварро дар пеш равзанаи трансферӣ интизор аст ва бо ин омил намояндаҳои дастаҳои лигаи олӣ барои пайдо кардани истеъдодҳо ҳамакнун ба тамошои бозиҳои дастаҳои лигаи якум мераванд. Дар дидори мазкур дар як гӯшаи майдон сармураббии дастаи “Истиқлол” Виталий Левченко ва сармураббии дастаи “Хуҷанд” Рустам Хоҷаевро мушоҳида кардан мумкин буд, ки бозии мазкурро назорат мекарданд. Пеш аз оғози рақобати мазкур аз ҷониби сарпарасти лигаи якум  ва барномаи “Фатҳ” ширкати “Тенниси” ба беҳтарин нишонзани даври 4-уми мусобиқа Абдуфатоҳ Худойдодзода ҷоизаи беҳтарин нишонзани ҳафта ба фарзияи  ширкати “tennisi.tj” тақдим карда шуд. Рақобати дигаре, ки бо голҳои бешумор хотири мухлисонро шод гардонид ин дидори дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат буд. Бархурд дар майдони марказии ноҳияи Фархор баргузор гардид ва натиҷаи дидор бо ҳисоби 7:1 ба суди дастаи мизбон “Ҳосилот” хотима ёфт. 
Натиҷаи бозиҳои дигари даври 5-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум ба таври зайл баргузор гардиданд.
Барқчӣ-Гулистон 3:3
Ҳулбук-Сарҳадчӣ 3:1
Панҷшер-Куктош 1:1
Динамо:Душанбе 4:0
Ҳосилот: Ваҳдат 7:1
Саройкамар-Моҳир 1:0 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив