LIVE

Дастаи "Ваҳдат" шармандавор ба "Саройкамар"бой дод

Даври 6-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум ин навбат низ хеле тезу тунд сурат гирифт. Дастаҳо барои ҷой гирифтан дар мавқеҳои болоӣ миёни худ муборизаҳои беамон мебаранд ва ҷадвали чемпионат низ баъди гузораи даври мазкур ягон тағйироти ҷиддӣ надорад. Яке аз рақобатҳои дидание, ки дар марҳилаи мазкур баргузор шуд ин дидори дастаҳои “Барқчӣ” ва “Ҳулбук” буд, ки мубориза барои ишғол кардани мавқеи дуюми ҷадвал хеле босуръат идома дошт. Дар ниҳоят дастаи Ҳулбук бо ҳисоби 1:2 ғалаба кард ва ҳарифи ҷадвалиашро аз худ поёнтар бурд. Рақобати тамошобоби дигар ин вохурии дастаҳои “Ваҳдат” ва  “Саройкамар” буд, ки бозӣ дар майдони марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд ва дастаи “Саройкамар” тими мизбонро бо ҳисоби калони 1:6 мувоҷеҳи шикаст кард. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти бозиҳои лигаи якум ширкати “tennisi.tj” мебошад.  Бозиҳои дигари даври мазкур миёни дастаҳои лига ба мисли бозиҳои дар боло зикршуда хеле ҷаззоб сурат гирифтанд, ки натиҷаҳои онро дар зер ишора хоҳем кард.
Гулистон- Моҳир 1:2
Ваҳдат - Саройкамар 1:6
Душанбе – Ҳосилот 3:3
Куктош Динамо 2:0
Сарҳадчӣ - Панҷшер 3:2
Барқчӣ - Ҳулбук 1:2

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив