LIVE

Динамо дастаи Ҳулбукро тору мор кард ва Ҳосилот Барқчии воҳимаро шикаст дод.

Даври 9-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ин навбат хеле ҷолиб сурат гирифтанд. Бозиҳои сергол ва ба рукуъ рафтани дастаҳои дар аввал муддаӣ интригаи мусобиқаро боз ҳам афзун намуд. Дастаи “Куктош” таи ду даври охир худро ҳамчун асоситарин муддаии чемпионати мазкур нишон медиҳад ва ҳоли ҳозир бо 23 имтиёз садри ҷадвалро ихтиёр кардааст. Бозии охирини худро дастаи мазкур муқобили яке аз дастаҳои заифи Лигаи якум тими “Моҳир”-и Ёвон баргузор кард, ки дастаи ноҳияи Рӯдакӣ дарвозаи дастаи ёвониро голборон кард ва ба 8-голи футболбозони дастаи “Куктош” футболбозони “Моҳир” ба ҳадди як гол ҷавоб гардонида натавонистанд. Бозии дигари сергол дар дидори дастаҳои “Динамо”-и шаҳри Душанбе ва “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ба миён омад. Дастаи “Динамо” дар масири 90 дақиқа ба дарвозаи дастаи “Ҳулбук” 8 гол заданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки футболбозони дастаи “Ҳулбук” ба ин шумор голи ҳарифон қудрати танҳо бо ду гол ҷавоб гардониданро пайдо намуданд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи Фатҳ ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 9-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.
Панҷшер  0-0  Гулистон
Динамо 8-2  Ҳулбук
Ҳосилот  3-0  Барқчӣ
Саройкамар  3-0 Сарҳадчӣ
Моҳир  0-8  Куктош
Ваҳдат  2-4  Душанбе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив