LIVE

Ғалабаи "Ҳосилот" бар дастаи "Ҳулбук".Натиҷаи даври 10-уми Лигаи якум

Даври даҳуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум боз ҳам ҳангомаҳои зиёдеро баҳри мухлисони футболи тоҷик эҳдо намуд. Бозии серголе, ки ба қайд гирифта шуд ин дидори дастаҳои “Куктош” ва “Ваҳдат” буд, ки футболбозони дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ба дарвозаи ҳарифон яку якбора 11 голи бидуни ҷавоб заданд, ки бо ин дастаи “Куктош” бо 26-хол дар садри ҷадвал боқӣ монд. Бозии марказии давр бошад миёни “Ҳосилот” ва “Ҳулбук” барпо шуд, ки дастаҳои мазкур барои мавқеҳои болоӣ мубориза бурданд. Дастаи фархорӣ дар сафар натиҷаи дидорро ба сӯди худ анҷом дод ва бо ҳисоби 1:0 ҳарифи оштинопазири худро мағлуб намуд. Дастаи “Гулистон”, ки дар мусобиқаи мазкур ҳамчун тими навкор шинохта мешавад бо ғолибиятҳои пай дар пай умеди мухлисонашро баҳри ғолибиятҳои минбаъда боз ҳам афзунтар месозад. Ин навбат дастаи шимоли кишвар тими “Душанбе”-и Душанберо аз роҳи худ берун кард ва бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 10-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.  
Гулистон 2:0 Душанбе 
Куктош 11:0 Ваҳдат
Сарҳадчӣ 2:3 Моҳир
Барқчӣ 1:2 Саройкамар
Ҳулбук 0:1 Ҳосилот
Панҷшер 1:1 Динамо

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив