LIVE

"Саройкамар" ва "Куктош" бозии аҷиб нишон доданд. Шарҳи даври 15-ум

Даври 15-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ғайри рақобати дастаҳои “Динамо” ва “Барқчӣ” дигар ҳамагӣ баргузор гардиданд. Ин ҳам дар ҳоле барпо нашуд, ки футболбозони дастаи “Динамо” дар ҳайати футболбозони мунтахаби то 20-солаҳои кишвар ба як мусобиқаи байналмилалӣ омодагӣ мебинад. Марказитарин рақобати давр ин миёни ду муддаии мусобиқа “Саройкамар” ва “Куктош” барпо шуд, ки дар ин бозӣ дастаи “Куктош” бо машаққати хеле зиёд ҳарифи худро бо ҳисоби 0:1 мағлуб кард. Дастаҳои заифи ҷадвали мусобиқа аз қабили “Моҳир” ва “Душанбе” низ як бозии муҷалло ба роҳ монданд ва дар ниҳоят душанбегиҳо бо ҳисоби 2:3 ғалаба ба даст оварданд. Ҳоли ҳозир дастаи “Куктош” бо 41 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвал ва дастаи “Ҳосилот” бо 37 хол дар ҷои дуюми ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 15-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.
Ваҳдат 1:2 Гулистон
Моҳир 2:3 Душанбе
Саройкамар 0:1 Куктош
Ҳосилот 2:1 Сарҳадчӣ
Динамо : Барқчӣ
Панҷшер 1:1 Ҳулбук

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив