LIVE

"Саройкамар" ба чоргона баромад. Шарҳи даври 12-ум

Даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ин навбат ҳам дар ҷадвали мусобиқа ва ҳам дар оморҳои дигар тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён овард. Дастаи “Саройкамар”-и Панҷ ғайриинтизор яку якбора ба зинаи чоруми ҷадвал баромад ва “Ҳулбук”-и Восеъ ба зинаи панҷум рафт. Дастаи “Ҳулбук”-и Восеъ дар аввалҳои мавсим дар мавқеи дуюми ҷадвал буд ва яке аз фаваритони асосии чемпионӣ дар мавсими ҷорӣ унвон дода мешуд. Садрнишини ҷадвал дастаи “Куктош” бо ҳисоби бузург ҳарифи навбатиаш дастаи “Душанберо” шикаст дод. Футболбозони дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ба дарвозаи дастаи душанбегӣ 7 голи беҷавоб заданд. Дар ин баробар рақобати ду дастаи заифи чемпионат “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ва “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ низ яке аз бозиҳои сергол буд. Футболбозони “Сарҳадчӣ” ба задани панҷ гол даст ёфтанд ва бозингарони  “Ваҳдат” бо чор гол ҷавоб гардониданд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд
"Гулистон" - "Динамо"  
"Панҷшер" 1:2 "Ҳосилот"
"Ҳулбук" 0:2 "Саройкамар"
"Барқчӣ" 3:1 "Моҳир"
"Сарҳадчӣ" 5:4 "Ваҳдат"
"Куктош" 7:0 "Душанбе"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив