LIVE

Шикасти навбатии Ҳулбук ва ғолибияти ғайриинтизори Панҷшер. Даври 14-ум

Даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ин навбат ҷолиби диққат набуд, чун чанде аз бозиҳо баргузор нашуданд. Масалан ҳамагон интизори бозии дастаҳои “Ҳосилот” ва “Барқчӣ” буданд, ки ин рақобат метавонист дар ҷадвали умумии мусобиқа тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён биёрад, вале бо сабаби иштироки ҳайати пурраи дастаи “Барқчӣ” аз мунтахаби 16-солаҳои кишвар дар мусобиқаи байналмилалии гиромидошти хотираи собиқ президенти Федератсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов ин бозӣ баргузор нашуд. “Саройкамар” низ ҳамчун иштирокчии рақобатҳои Ҷоми Тоҷикистон бозӣ бо “Сарҳадчӣ”-ро мавқуф гузошт ва “Куктош” низ айнан бо ҳамин далел рақобати худро бо дастаи “Моҳир” баргузор накард.  Се бозии дигари давр бо иштироки “Гулистон”-“Панҷшер”, “Ҳулбук”-“Динамо” ва “Душанбе”-“Ваҳдат” барпо гардиданд, ки мухлисон шоҳиди чанд бозии сергол шуданд. “Панҷшер” дар сафар тавонист, ки ҳарифи худ “Гулистон”-ро бо ҳисоби бузурги 1:4 шикаст бидиҳад ва “Динамо” низ дар навбати худ “Ҳулбук”-и ру ба таназзул ниҳодаро бо ҳисоби 1:5 дучори шикаст намуд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.
Гулистон 1:4 Панҷшер
Ҳулбук 1:5 Динамо
Барқчӣ  (мавқуф)  Ҳосилот
Сарҳадчӣ (мавқуф) Саройкамар
Куктош (мавқуф) Моҳир
Душане 3:1 Ваҳдат

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив