LIVE

Куктош дастаи Ваҳдатро шикаст дод. шарҳи даври 13-уми Лигаи якум

Даври 13-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ғайри бозии дастаҳои “Саройкамар” ва “Барқчӣ” дигар ҳамагӣ баргузор гардиданд. Марказитарин рақобати даври мазкур ин дидори дастаҳои “Ҳосилот” ва “Ҳулбук” буд, ки фархориҳо бо бартарияти ду гол тавонистанд ҳарифи асливу усулии худро шикаст бидиҳанд. Аз бозии дастаҳои “Ваҳдат” ва “Куктош” интизориҳо хеле зиёд буд ва ҳатто мухлисон ҳадс бар он мезаданд, ки “Куктош” бо бартарияти 10 гол ғалаба мекунад, вале дастаи “Ваҳдат” муқобили “Куктош” арзанда истодагарӣ кард, ҳарчанд ваҳдатиҳо дар ин дидор ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд. Дастаҳои заифтарини чемпионат “Моҳир”-и Ёвон ва “Сарҳадчи”-и Ҳамадонӣ як бозии берангу бенурро ба намоиш гузоштанд, ки мухлисон ҳатто шоҳиди як голҳам нагаштанд. . Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”   ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 13-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.
Душанбе 1:1 Гулистон
Ваҳдат 0:3 Куктош
Моҳир 0:0 Сарҳадчӣ
Саройкамар : Барқчӣ  (мавқуф)
Ҳосилот 2:0 Ҳулбук
Динамо 3:1 Панҷшер

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив