LIVE

Куктош ва Ҳосилот шаддидтарин бозиро баргузор карданд. Шарҳи даври 16-ум

Даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ғайри бозии дастаҳои “Сарҳадчӣ” ва “Динамо” ҳамагӣ баргузор гардиданд. Марказитарин рақобати ин давр дидори дастаҳои “Куктош” ва “Ҳосилот” буд, ки мусовӣ 1:1 хотима ёфт, ҳарчанд мухлисон натиҷаи дигарро интизор буданд. Муҳсин Рустамзода футболбози дастаи “Гулистон” дар дидор муқобили “Ҳулбук” ба задани чор гол даст ёфт ва аввалин покери худро дар мавсими имсола ба қайд гирифт. Қайд бояд кард, ки Рустамзода ҳамчунин дар руйхати нишонзанҳои чемпионат бо 23 гол феълан лидер аст ва бо тафовути 6 гол аз футболбози мавқеи дуюм боло меистад. Дастаи “Саройкамар” бошад дар бозӣ муқобили “Душанбе” ба ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуд ва бо ҳисоби 2:5 дастболо гардид, ки бо ин ҳамоно дар мавқеи 4-уми ҷадвал боқӣ монд ва дар ин баробар ду бозӣ кам аз дигарон дорад. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.
Гулистон 4:2 Ҳулбук
Барқчӣ 2:0 Панҷшер
Сарҳадчӣ (мавқуф) Динамо
Куктош 1:1 Ҳосилот
Душанбе 2:5 Саройкамар
Ваҳдат 0:2 Моҳир

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив