LIVE

Ҳосилот ба дарвозаи Ваҳдат 14-гол зад. Шарҳи даври 17-ум

Даври 18-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ғайри чанд бозии ҳайронкунанда дигар ягон тағйироте дар мавқеҳои дастаҳо ба вуҷуд наовард. Серголтарин бозии давр ин рақобати дастаҳои “Ҳосилот” ва “Ваҳдат” буд, ки бо ҳисоби (14:0) бар суди дастаи фархорӣ анҷом ёфт. Ҳамчунин дастаи “Барқчӣ” дар майдони худ тими “Гулистон”-ро қабул намуд, ки дар натиҷа футболбозони дастаи “Барқчӣ” ба дарвозаи дастаи шимолӣ панҷ голи беҷавоб заданд. Дар ҷадвали мусобиқа чигунае гуфтем баъди гузораи даври 18-ум ягон тағйирот ба вуҷуд наомадааст, ҳарчанд ҳоло аксарияти дастаҳо бозиҳои захиравӣ хеле зиёд доранд. Тими “Куктош” феълан бо 45-имтиёз лидерии ҷадвалро бар уҳда дорад ва дастаи “Ҳосилот” низ дар ин сабқат имкони гирифтани роҳхати Лигаи олиро барои худ таъмин сохтааст, ки онҳо бо 44-имтиёз дар мавқеи дуюми ҷадвал қарор гирифтаанд. . Ёдовар мешавем, ки сарпарасти барномаи “Фатҳ”  ширкати “tennisi.tj” аст. Бозиҳои дигари даври 18-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.  
Гулистон 0:5 Барқчӣ
Сарҳадчӣ 2:3 Ҳулбук
Куктош 1:0 Панҷшер
Душанбе 0:4 Динамо
Ваҳдат 0:14 Ҳосилот
Моҳир 1:2 Саройкамар

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив