LIVE

ФИФА рейтинги нави тимҳои миллиро интишор намуд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз,  6-уми  октябр феҳристи ҷадиди раддабандии тимҳои миллиро интишор кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1185,7 имтиёз дар мавқеи 108-ум қарор гирифт.
Дар раддабандии ФИФА мунтахаби Бразилия (1841,3) пешсаф аст. Ҷойи дуюмро мунтахаби  Белгия (1816,71) ва зинаи сеюмро мунтахаби Аргентина (1773,88) ишғол кардаанд.
Дар даҳгонаи беҳтарин танҳо як тағйирот ба амал омад, ки  Италия (1726,14) аз Испания (1715,22) пеш гузашт ва ба зинаи шашум баромад.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив