LIVE

Рейтинги нави ФИФА: Мавқеи Тоҷикистон иваз шуд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 16-уми сентябр рейтинги нави футболро мунташир сохт, ки тибқи он мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз карда, бо касби 1157.77 имтиёз ба зинаи 118-ум фаромад. Дар байни кишварҳои Осиё бошад, аз ҳама натиҷаи беҳтарро мунтахаби Эрон дорад, ки бо касби 1538.08 хол дар зинаи 22-юми радабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО бошад, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 21-ум мавқеъ касб намудааст. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА кишвари Белгия бо 1832.33 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1811.73 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Англия 1755.44 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 116-ум буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив