LIVE

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА иваз шуд

Имрӯз, 25-уми июли соли 2019 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхат ё худ раддабандии нави мунтахабҳоро мунташир намуд. Дар ин рейтинги мазкур мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 119-ум қарор гирифт. Дар ҳоли ҳозир мунтахаби миллии Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад. Тими миллии Белгия бо касби 1746 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм тими Бразилия бо 1726 имтиёз ва дар ҷойи сеюм бошад, Фаронса бо касби 1718 хол ҷойгир шудаанд.

Раддабандии нави ФИФА:

1. Белгия (1746 имтиёз) 
2. Бразилия (1726) 
3. Фаронса (1718) 
4. Англия (1652) 
5. Уругвай (1637) 
6. Португалия (1631) 
7. Хорватия (1625) 
8. Колумбия (1622) 
9. Испания (1617) 
10. Аргентина (1610)
...
119. Тоҷикистон (1152).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив