LIVE

Радабандии нави ФИФА

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рейтинги нави худро мунташир сохт, ки тибқи он мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд. Дар байни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро мунтахаби Ҷопон дорад, ки бо касби 1500 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор гирифтааст. Дар рейтинги КФО бошад, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА кишвари Белгия бо 1765 имтиёз дар зинаи якум, Фаронса бо 1733 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бразилия 1712 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив