LIVE

Раддабандии нави ФИФА нашр шуд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 21-уми октябр раддабандии нави футболро мунташир сохт, ки тибқи он мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз карда, бо касби 1157.77 имтиёз ба зинаи 114-ум баромад. Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 116-ум қарор дошт.
Дар байни кишварҳои Осиё бошад, аз ҳама натиҷаи беҳтарро мунтахаби Эрон дорад, ки бо касби 1545.08 хол дар зинаи 22-юми радабандӣ қарор дорад. Дар байни дастаҳои футболии КФО мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 21-ум мавқеъ касб намудааст. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА кишвари Белгия бо 1832.33 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1811.73 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Фаронса 1779.24 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Даҳгонаи аввали раддабандии ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:
1. Белгия (1832.33)
2. Бразилия (1820.36)
3. Фаронса (1779.24)
4. Италия (1750.52)
5. Англия (1750.16)
6. Аргентина (1738.79)
7. Испания (1687.66)
8. Португалия (1681.73)
9. Мексика (1672.98)
10. Дания (1668.98)
...
114. Тоҷикистон (1158)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив